ABNA24: Абулфазли Кудеӣ, мудири кулли дафтари сармоягузории хориҷии Созмони сармоягузорӣ ва кумакҳои иқтисодиву фаннии Эрон рӯзи чаҳоршанбе афзуд, дар охирин нишасти ҳайати сармоягузории хориҷии Эрон, барои 45 тарҳи сармоягузорӣ муҷаввиз содир шудааст.
Кудеӣ бо баёни ин ки сармоягузории ин тарҳҳо ба арзиши як миллиарду 600 миллион доллар аз кишварҳои мухталифи дунёст, афзуд: ин тарҳҳо дар густараи ҷуғрофиёии 12 устон дар Эрон иҷро мешавад.
Вай таъсири сармоя гузории хориҷии анҷомшуда дар иқтисоди ин кишварро қобили мулоҳиза донист ва гуфт, фароянди сармоягузории хориҷӣ дар Эрон осон шудааст.
342/